Рӯзи 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти солонаи лоиҳаи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ”, ки аз сӯи  Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”  амалӣ гардид, натиҷагирӣ шуд.

Дар кори мизи гирд, намояндагони Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон, ки дар раванди татбиқи лоиҳа саҳм доштанд, ширкат ва суханронӣ карданд.

Чорабиниро Шаҳло Акобирова, директори ТҶ “Хома”, оғоз карда, гуфт, ки ҳадафи лоиҳа омӯзиши рӯзноманигорон ва ба воситаи нашри дата-маводҳо саҳм гузоштан дар баланд бардоштани дарки аҳолӣ дар мавзӯҳои иқтисодӣ, махсусан “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”, “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон”, “Механизми таъин ва пардохти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) дар ҶТ” ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа мебошад.

Ҷафар Усмонов, шахси мутассадии Барномаи “EGED” аз ташкилоти байналмилалии FCDO зимни суханрониаш муҳим будани ҳамкорӣ бо ВАО ва ҳамин тариқ, бо ҷомеаи шаҳрвандиро зикр кард.

Ян Севера, директори ташкилоти байналхалқии “ACTED” дар Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, ки ТҶ “Хома” яке аз шарикони калидии барномаи “Идоракунии босамар барои рушди иқтисодӣ” ба ҳисоб меравад, ки таҷрибаи зиёдӣ ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дорад.

Ӯ гуфт, рушди рӯзноманигории иқтисодӣ барои барномаи “EGED” муҳим аст ва мақсади асосии ин барнома ҳам рушди ин бахш ва ҳамин тариқ, тавассути нашри мақолаҳо баланд бардоштани даркӣ аҳолӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, махсусан Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон аст.

Сипас, аз кори лоиҳа натиҷагирӣ карда шуд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар доираи лоиҳа беш аз 20 дата-мавод бо фарогирии 2 млн нафар дар мавзӯҳои КУИ ва Ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон бо истифода аз оморҳо омода ва дар телевизону радио ва расонаҳои онлайниву чопии маҳалливу минтақавӣ нашр гардиданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша 10 мавод (5 мавод дар мавзӯи КУИ ва 5 мавод дар мавзӯи ислоҳоти андоз дар ҶТ) бояд омода ва нашр мегардид. Яъне, дар доираи лоиҳа 2,5 маротиба бештар мавод омода ва нашр шудааст.

Зикр гардид, ки аз байни 30 рӯзноманигоре, ки дархост доданд, 12 нафаре, ки дар бахши иқтисод кор мекарданд, (6 нафар аз вилояти Хатлон ва 6 нафар аз шаҳри Душанбе) барои ҳамкорӣ бо лоиҳа интихоб шуданд.

Ҳамчунин, барои омӯзиши рӯзноманигорон ва посух додан ба суоли онҳо дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” мутахассисони ботаҷрибаи Вазорати молияи Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Институти иқтисодиёт ва демография ва коршиносону иқтисодшиносон ҷалб шуданд.

Коршиноси фанновариҳои навин ҳам барои омӯзиши ҷамъовариву коркарди рақамҳо визуализатсия ба кори лоиҳа даъват гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа 4 тренинг, 2 тренинг ба мавзӯи КУИ ва ислоҳоти андоз ва 2 тренинг дар бахши ҷамъоварӣ ва визуализастяи рақамҳо гузаронида шуд.

Ҳамчунин, баъди ҳар як давраи омӯзишии соҳавӣ 2 маҳфили иқтисодии “Тавозун” гузаронида шуд, ки дар кори он беш аз 100 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат карда байни ҳамдигар мубодилаи афкор карданд.

Баъди ҳар як маҳфили иқтисодии “Тавозун” ҳудуди 20 хабару гузориш дар расонаҳо нашр шуд, ки ҳар як ин хабару гузоришҳо аз 1 ҳазор то қариб 500 ҳазор бор хондаанд.

Баъд аз ин, ҳар як маводе, ки дар доираи лоиҳа нашр шуд, дар алоҳидагӣ баррасӣ шуда, фарогирӣ ва таъсири он ба ҷомеа, махсусан аҳолӣ шарҳ дода шуд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки баъди нашри яке аз мақолаҳо дар доираи ин лоиҳа, масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ба қаҳрамони мақола, ки маъюб буду оилааш КУИ намегирифт, аробачаи маъюбӣ ва маводи озуқаворӣ тақдим карда, оилаи онҳоро ба рӯйхати гирандагони КУИ ворид краданд.

Сипас, Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, дар мавзӯи “Нақши ВАО дар раванди татбиқи ислоҳоти андоз дар ҶТ” суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, мақомоти андоз ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст ва онҳо ҳавасманданд, ки тавассути мақолаву гузориши онҳо ҷомеа дар бораи ислоҳотҳои андоз, ки дар кишвар ҷорӣ мешавад, огоҳ бошанд.

Ин масъули Кумитаи андоз ба маводҳое ки дар бахши ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар ҶТ дар доираи лоиҳа навишта шудаанд, баҳои баланд дод ва  гуфт, ки ҳар яки онҳо бо истифода аз рақамҳо омода шудаанд, ки ҷолиб ва фарқкунанда аст.

Назирзода гуфт, роҳбарияти мақомоти андоз ҳар яки ин маводҳоро омӯхта, ба аксари онҳо вокуниш кардааст.

Соима Муҳаббатова, сардори шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ зимни суханронии худ дар мавзӯи “Ҳамкорӣ бо ВАО вобаста ба маълумотнокии аҳолӣ оид ба КУИ” аз тарҷибаи ҳамкории Вазорат бо ТҶ “Хома” ёдовар шуда, афзуд, ки тули чанд сол аст ин ҳамкориҳо давом дорад ва ҳамеша дар сатҳи сифатан беҳтар амалӣ мешавад.

Ӯ ҳам ба сатҳи мақолаҳои нашршуда дар мавзӯи КУИ баҳои баланд дод ва аз ҷумла зикр кард, ки ин маводҳо ба онҳо кумак мекунад, ки механизми таъин ва пардохти КУИ дар кишвар дуруст назорат ва дар амал татбиқ намоянд.

Ӯ аз яке аз маводҳо мисол овард, ки дар бораи тақаллуби ҳуҷҷатҳо ҳангоми таъини КУМ ва дороро ҳамчун камбизоат навиштан сухан мерафт. Ӯ гуфт, воқеан дар баъзе ҳолатҳо чунин мушкилиҳо ҷой дорад ва рӯзноманигорон дуруст кардаанд ки мушкилоти мавҷударо ба баррасӣ кашидаанд ва онҳо ҳатман барои ҳалли ин масъала расидагӣ мекунанд.

Дар идома, чанде аз рӯзноманигорон таассуроти худро аз лоиҳа баён карданд. Аз ҷумла яке аз онҳо дар бораи таҷрибаи аввалини худ оид ба омода кардани мақолаи таҳлилӣ ва нашри он дар расонае, ки пештар ба ин бахш камтар аҳмият медод, зикр кард.

Нафари дигар дар бораи чӣ гуна ба таври мусбат қабул шудани мақолааш аз ҷониби Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ва пешниҳоди ҳамкорӣ бо ин ниҳод нақл кард.

Нафари сеюм дар бораи таҷрибаи авалини худ дар бахши дата-журналистика суханронӣ кард, ки чӣ гуна бознашри маводаш дар расонаи маҳалли  “Азия- Плюс” ва расонаи минтақавии “Фергана.ру” ба ӯ илҳом бахшид то дата- журналистиикаро дуст дорад.

Дар охир, бани иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла рӯзноманигорон аз мушкили дарёфти омор аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ нигаронӣ карданд. Онҳо ҳам дар навбати худ гуфтанд, ки омодаи ҳамкорӣ ҳастанд вале пешниҳоди омор вақти зиёд лозим аст.

Ҳамчунин, рӯзноманигорон пешниҳод карданд, ки кори лоиҳа дар соли оняда ҳам давом дода шавад.

Масалан, Низомиддин Исоев, рӯзноманигор аз вилояти Хатлон, ки дар доираи лиҳа 3 гузориши телевизоинӣ омод кард, пешниҳод кард, ки дар оянда дар доираи лоиҳа нав омода кардани инфографика дар телевизион низ омӯзонида шавад. Чунки он барномаҳое ки ҳоло омӯхтанд, танҳо барои маводҳои матнӣ аст.

Ҳамчуни, Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хидматрасоӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз гуфт, ки баъди муроҷиати зиёди рӯзноманигорон, махсусан онҳое ки дар доириа ин лоиҳа кор курданд,  дар сомонаи расмии Кумитаи андоз бахши омор кушода шуд, ки бархе омори аввалиндараҷа, аз ҷумла шумораи соҳибкорон, шумораи соҳибкорони қарздор, онҳое ки эъломияи худро электронӣ месупоранд дар он ҷой дода шудааст ва рӯзноманигорон метавонанд аз он истифода кунанд.

Насима Назриева, ҳамоҳангсози минтақавии ташкилоти байналмилалии АКТЕД дар навбати худ гуфт, онҳо ҳавасманди ҳамкорӣ бо рӯзноманигоронанд ва эҳтимол соли дигар низ онҳҳо ҳамкориро бо онҳо давом диҳанд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии “ACTED” дар доираи лоиҳаи “Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ (EGED)” амалӣ  гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь