Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2021 сиву ду довталаб маводи худро пешниҳод карданд.
Аъзои Кумита аз байни онҳо шахсони зеринро ба Ҷоизаи ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ арзанда эълон кард:
- Муҳаммадӣ Муқимов (Ҷовид Муқим)
- Шоҳона Одиназода
- Нематулло Мирсаидов
- Саида Набизода
- Саидмурод Суғдмеҳр
- Қурбоналӣ Раҳмонзода
- Шотолиб Шоҳқосимов
- Ҷумъахон Сайдалиев
- Аҳлиддини Тоҳир
- Саидмурод Раҳимов.
Ба ғолибон шаҳодатномаи ҷоиза, нишони ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд.
Ҳамчунин ғолибони Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ муайян шуданд:
- Меҳрофарин Наҷевуллоев
- Шодмон Кенҷаев
- Ардашер Гулмуродзода
- Набиҷони Саидаброр
- Меҳрангез Додобоева
Ба ғолибон дипломи ҷоиза ва маблағи пулӣ супорида шуд
Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Асадулло Саъдуллоев «Нашрияи муваффақи маҳаллӣ» дар соли 2021 ба нашрияи «Хатлон» супорида шуд.
Блоки рекламавӣ