Бахшида ба 25-солагии Бонки Эсхата барои мизоҷоне, ки аз кортҳои пардохтии ин бонек истифода мебаранд, иқдоми “Бурди ҷашнӣ” эълон карда шуд.
Марҳилаи панҷуми иқдоми мазкур аллакай ба охир расид, ки дар он ду иштирокчӣ соҳиби мукофотҳои пулӣ ба маблағи 2500 сомонӣ гаштанд. Дар ин марҳила Алимаҳмад Салихов – сокини шаҳри Бохтар ва Исломиддин Усмонов аз шаҳри Хуҷанд ғолиб омаданд.
Тавре Алимаҳмад Салихов зикр намуд, беш аз 10 сол боз муштарии Бонки Эсхата мебошад ва муддати зиёдест, ки бо корташ ҳамаи хароҷотҳои худро дар мағозаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва қаҳвахонаҳо пардохт менамояд. “Ин усул дар ҳақиқат хеле қулай аст, интизори бақия намешавам. Хеле шодам, ки ғолиб омадам. Миннатдории худро ба ҳамаи масъулони Бонки Эсхата мерасонам. Барои ҳамаи иштирокчиёни иқдоми мазкур муваффақият таманно дорам”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми “Бурди ҷашнӣ” аз 1-уми апрел оғоз ёфта, то 30-юми сентябри соли 2019 ба анҷом хоҳад расид. Дар давоми 5 давра 2 нафар ғолибон муайян карда шуданд, ки ҳар кадомашон 2500 сомонӣ бурд намуданд. Дар интиҳо ба як нафар ғолиби иқдоми мазкур мукофоти асосӣ, ки 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, супорида мешавад.
Инчунин, 100 нафар муштарии фаъол ба маблағи 100-сомонӣ бо мукофотҳои иловагии пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Иштирокчиёни миёнадаврӣ низ имкон доранд дар бозии бурди асосӣ иштирок кунанд.
Бонки Эсхата ҳамаи иштирокчиёни иқдомро бо ғалаба табрик гуфта, ба дигар иштирокчиёни иқдоми мазкур муваффақият таманно намуда, хоҳиши онро дорад, ки фаъолона ширкат варзида, соҳиби 25 ҳазор сомонӣ гарданд.