5-уми декабр дастаи футболи «Ал Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он ситораи португалии футбол Криштиану Роналду бозӣ мекунад, барои баргузории вохӯрии охирин марҳалаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои Осиё ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе барои ин вохӯрӣ омодагиҳо оғоз шудаанд ва билети тамошои ин бозӣ ҳам ба фурӯш баромадааст, ки арзонтарини он 100 сомонӣ ва гаронтаринаш 3000 сомонӣ аст.

Дар хабари расонаҳо гуфта мешавад, ки «Ал Наср» ба бозигаронаш, аз ҷумла барои Роналду, барои сафар ба Душанбе аз ҷониби Тоҷикистон визо дархост кардааст ва низ визо дастрас шудааст. Аз ин бармеояд, ки Роналду ба Душанбе меояд, аммо баъзе коршиносон бар ин ақидаанд, ки шояд ӯ дар ин сафар дастаашро ҳамроҳӣ накунад ва агар ба Тоҷикистон ояд ҳам, ба эҳтимоли зиёд дар бозӣ ширкат накунад. Чунин таҷриба дар ин даста буд. Дар вохӯрӣ бо «Ал Дуҳайл» Роналду ба Қатар рафт, аммо дар бозӣ ширкат накард.

Аз тарафи дигар, даста бо 13 имтиёз пеш аз муҳлат соҳиби роҳхат ба даври дигар шуд ва натиҷаи ин бозӣ ба мавқеи даста таъсир нахоҳад кард. Саломатии ин бозигар тарафи дигари масъала аст, ки даста ӯро эҳтиёт мекунад ва шояд нахоҳанд, ки Роналду дар майдони сабзаи сунъӣ бозӣ кунад. Ба ҳар ҳол, ҳамааш дар рӯзи 5-уми декабр маълум хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь