Чанд рӯз мешавад, ки сокинони деҳоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз равшании барқ дар манзилҳояшон маҳруманд. Бо зангҳои пайдарҳам сокинони деҳоти Ёрӣ ва Рӯдакӣ аз набудани барқ дар як ҳафтаи охир дар ин минтақа шикоят мекунанд.
Сокинон мегӯянд, ки як ҳафтаи охир қувваи барқ аз соати 9 то 17 дар манзилҳояшон қатъ мешавад. Бар замми ин ки ҳеч кас аз қатъ шудани барқ мардумро хабар намекунад, ҳеч кас ҳам ҳозир нест, ки далели қатъ шудани барқро тавзеҳ диҳад. Ба саволи истифодабарандагон, ки оё дар ин минтақа маҳдудияти бақр ҷорӣ шудааст, посух медиҳанд, ки хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳоро таъмир мекунанд.
Истифодабарандагон, ки ҳаққашон поймол шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз набудани барқ шикоят доранд. Онҳо менависанд, ки дар чунин шабу рӯзи ҳассос, ки дунё бо коронавирус панҷа нарм мекунад, қатъ кардани барқ дар яке аз бузургтарин ва сераҳолитарин мавзеи кишвар кори оқилонае нест.