Барои Тоҷикистон мерос ба яке аз масоили бунёдӣ табдил ёфта, метод ва методологияи ҳифзу рушди он ва расондани он ба наслҳои оянда хеле мубрам гардидааст. 

Дар ин миён масоили ҳифзу рушти «Шашмақом» ва «Фалак» аз проблемаҳои доғ гардидаанд.

Бе шак бо ташаббуси мутахассини варзида ва бахусус Президенти кишвар имрӯзҳо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак» дубора дар сатҳи бисёр баланд эҳё мегардад. Ҳоло мо бо ифтихор метавонем гӯем, ки дар ҷумҳурии мо мероси гузаштаи мусиқӣ дар Консерваторияи миллӣ ва ҳам дар Академияи «Шашмақом» мавриди омӯзиш ва тақвияту рушд мебошад.

Мо хушнудем, ки анъанаи “Шашмақом”-ро дубора зинда мекунем. Вале дар баробари ин, моро ҳисси истироб фаро гирифтааст. Агар мо ин меросро танҳо дар ҳамин шакли классикиаш нигаҳ доштанӣ шавем, дар он сурат дер ё зуд метавонем онро боз ба олами фаромӯшӣ бубарем.

Гап дар ин, ки ҳар як шахс ва падида моли замони таърихи худаш буда, дар кору фаъолият ва зуҳуршавӣ ниёз ба завқ ва арзишҳову ғояҳои замони худ падид меояд. Фақат Рӯдакӣ ё Балхӣ барин шахсиятҳо аз доираи замонашон берун рафта, шахсияту эҷоди онон моли абадияту башариятро касб менамоянд. Ин зайл шахсиятҳо ва асарҳои эшон дар садсолаҳо яктову бе мисл ба дунё меоянд…

Бе шак ҳар як шахс ва ҳар як аср молу завқи замони худашро ба дараҷаи олӣ таҷассум менамояд. Аммо ғолибан ҳар як замон «сарҳади» мавҷудияти худро дорад. Вақташ, ки расид, бо замони дигар иваз мешавад.

Маро як вазъият ба ташвиш овардааст.

Ҳарчанд мо кӯшиш карда истодаем, ки чизҳои асили гузаштаро ҳифз кунему тақвият доданӣ шавем, масалан «Шашмақом», аммо бо вуҷуди ин қисми зиёди аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон ин асари классикиро гӯш намекунанд. Завқи онон ба чизҳои модерн равона шудааст. Бачаҳои шаҳрӣ, масалан, репу, эстрадаи ғарбиро мепазиранд. Бачаҳои деҳот, то ҷое хабар дорам, бештар ба хонишҳои динӣ мароқ зоҳир менамоянд.

Яъне инҷо айби дар сифати мароқовари мерос нест. Замона дигар шудааст. Суруду тарона ва навоҳои дигару навинро мехоҳад насли нав.

Бе шак, дӯстдорони суруду мусиқии анъанавӣ бо доираи маҳдуди ҳаводоронаш боқӣ хоҳад монд. Вале шумораи бештари мардум бо завқи дигар, навои навро ниёз дорад.

Ва ин вазъият на фақат дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ҷо дорад, балки ба истилоҳ хусусияти минтақавӣ ё ҳатто ҷаҳонро гирифтааст.

Ман ҳамчун фарҳангшинос як тамюли нохуши ҷаҳонишавиро эҳсос карда истодаам. Умуман тамаддуни Ғарб имрӯз парастиши фарҳанг ва ҳунари оммавиро аз сар гузаронида истодааст. Яъне ҳунари муаллифӣ (art culture), култураи элитарӣ, ки пештар аз он ҳунари омма ғизо мегирифт, нуфузи худро аз даст дода истодааст. Ин чиз ҳоло бештар дар Ғарб мушоҳида мешавад. Аммо шарқиён, ки ғарбиёнро одати тақлид кардан доранд, дер ё зуд ба Шарқ низ ин тамоил меояд. Ҳеҷ илоҷи пешгирӣ кардани он нест. Маънӣ ғалат, рафтор ғалат, гуфтор ғалат. Чизҳои асл бо…

Чӣ бояд кард?

Рушди ин мероси гаронбаҳои мусиқӣ ва “Фалак” муфид ва арзишноктар мешуд, агар суннатҳои ин меросҳо мусиқиро бастакорони мо ҳам дар сатҳу сабки мусиқии эстрадӣ ва симфонӣ, полифонӣ идома ва такмил медоданд. Оҳоро ҳам аз нигоҳи «иқтибос», «интерпретатсия», бозёфти радифи идомаи мавзӯъ бо назардошти завқии эстетикии замони нав баррасӣ мекарданд. Воқеан, нишонаҳои ҳамин корро мо дар эҷодиёти солҳои охир дар эҷодиёти баъзе аз бастакорони муосир Толибхон Шаҳидӣ, Фирӯз Баҳор, шодравон Талабхӯҷа Сатторов, Амирбек Мӯсоев (асари ӯ бо номи “Мақом”) ва дигарон мушоҳида мекунем. Вале ин асарҳо бо сабаби тавассути радио ва телевизиони ватанӣ мунтазам пахш нашуданашон ба ҳаводорони мусиқӣ маъмул нестанд. Ҳол он ки маҳз ба ҳамин восита мо метавонем “Шашмақом”, “Фалак” ва дигар асарҳои меросии арзишнокро барои наслҳои оянда тарғиб намоем. Ва барои он ки “Шашмақом” ва ин қабил асрҳо ба рӯҳу ҷони насли оянда ворид шавад, онро дар баробари нигоҳ доштани падидаҳои таърихиву асилаш боз коркардҳои ба замона мувофиқ таҳияву пешкаш намоем. Танҳо дар ин шакл мо метавонем ба мероси мусиқии гузаштагонамон умри дубора бахшида, онро зинда нигаҳ дорем.

Агар мо хоҳем, ки чизҳои кӯҳнашуда, вале бароямон азиз дар замони нав низ ба кор оянд, дар баробари истифодаи шакли асл, он чизҳоро бо завқ ва талаботи замони нав баён намуда, ба ин замона, шакл ва маънии асил бахшем…

Раҳимов Саъдулло, доктори илмҳои фалсафа

Аз охирин навиштаҳои шодравон аст, ки ду рӯз пеш аз маргашон нигоштаанд…

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь