Теъдоди аниқи гирифторони бемории коронавирус дар минтақаҳои кишвар имрӯз, 12-уми феврал дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дақиқ шуд.
Ба иттилои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, теъдоди зиёди гирифторони бемории мазкур дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст, ки 4300 нафарро ташкил додаанд.
– Баъдан гирифторон дар Душанбе 4100, ноҳияҳои тобеи марказ – 1500, вилояти Хатлон – 1998 ва дар ВМКБ 1196 нафар мебошанд,- гуфт вазир.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, ки имсол то рӯзи 11-уми феврали соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи омор, гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13308 нафаранд, ки аз ин шумора то санаи имрӯз 13218 нафар ё 99,3 дарсадашон шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ёдовар мешавем, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо баргузории нишасти тӯлонии матбуотии ниҳодаш дар таърихи нишастҳои матбуотии кишвар рекорд гузошт. Вазир дар муқоиса ба нишасти қаблии ниҳодаш, ин навбат бе хондани резаахбор, 1 соату 40 дақиқа бо рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ суҳбат кард ва эшон ба ҳама суолҳояшон ҷавоб гирифтанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳоле то ба охирин суоли рӯзноманигорон посух гуфт, ки дар нишасти қаблӣ беш аз 30 дақиқа резаахборро хонда буд ва бо сабаби вақти кам ҷудо гардидан барои суолу ҷавоб рӯзноманигор гуфтанд, ки “Вазир аз суолҳо гурехт”.