Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини 23-солаи кишварро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҷавон бар асари садама якҷо бо мошинаш дар дарёи Варзоб фурӯ рафта буд.
Ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябри соли равон дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух додааст. Ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд чархи мошини сабукрави тамғаи “Мерседес-Бенс” ногаҳон мекафад. Дар ин ҳол дар мошин ронанда танҳо буд.
Ба шарофати амали фаврӣ ва рафтори ҷавонмардонаи наҷотбахшони воҳиди вокуниши сареъи Ситоди КҲФ-и шаҳри Душанбе муяссар гардидааст, ки ронандаи 23-сола фавран аз об берун кашида шавад. Ҷавонмард баъд аз ба худ омадан бистарӣ шуданро рад кардааст, чун худро хуб ҳис мекардааст.
Сипас, бо талоши кормандони наҷоти Кумита мошин низ аз об берун оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки аз аввали соли 2017 кормандони КҲФ 10 нафар аз ҷабрдидагони садамаи нақлиётиро дар манотиқи куҳӣ ва обҳои кишвар наҷот доданд.