Гурӯҳе аз муаллимони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, бар замми кори пурмасъулияти таълиму тарбия боз барои суҳбат бо сокинони биноҳои баландошёнаи маҳаллашон дар хусуси насби батареяҳои гармидиҳанда муваззаф шудаанд.

Ин муаллимон, ки мегӯянд, агар номашонро ифшо кунанд, дар фаъолияти минбаъдаашон мушкилӣ пеш меояд, дар суҳбат бо Farazh.tj изҳори норозигӣ намуданд, ки тайи ду моҳи охир ҳар бегоҳ то як қисми шаб ду-се нафарӣ шуда, ба хонаи сокинон “меҳмони нохонда” мешаванд ва баъзан гапҳои дурушт ҳам мешунаванд.

Онҳо мегӯянд, намояндагони шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мактаб омада, хоҳиш карданд, ки барои барқарор намудани батареяҳои гармидиҳанда ба онҳо кӯмак расонем ва бо сокиноне, ки батареяҳояшонро қаблан аз хонаҳояшон кандаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем. “Мардум бо шумо хуб муносибат мекунанд, суханатонро гӯш мекунанд, шумо ба сокинон фаҳмонида метавонед, ки ин кор ба фоидаашон аст”, – гуфтаанд намояндагони шабака.

– Мо низ қисмати бегоҳи ҳар рӯз, баъди аз кор монда шуда баргаштан, ба ҷои истироҳат дари хонаи сокинонро мекӯбем. Мебинем, агар батарея надошта бошанд, ба онҳо мефаҳмонем, ки насби он ба манфиаташон аст ва дар сурати доштани батарея пули қувваи барқро камтар месупоранд. Онҳоро руйхат мекунем ва пас аз чанд рӯз боз “меҳмонашон” мешавем, ки батарея насб кардаанд, ё не. Баъзан суханҳои дурушт мешунавем, ки таълиму тарбияро монда, ба дигар корҳо машғулем. Дар сурати ислоҳ нашудани камбудӣ рӯйхатро ба намояндагони шабакаи гармидиҳӣ месупорем, – мегӯянд гурӯҳи муаллимон.

Ин дар ҳолест, ки ахиран қарори шаҳрдори Душанбе дар хусуси таъмиру барқарорсозии қубурҳои оби гарм ва батареяҳои гармкунандаи хонаҳо ба тасвиб расид. Дар асоси ин қарор сокиноне, ки хонаҳояшон батарея надоранд, бояд то санаи 14-уми сентябри соли равон онро насб намоянд. Дар сурати ғайр онҳо ҷарима шуда, маблағи масрафнамудаи қувваи барқашон 3 маротиба бештар ҳисоб карда мешавад.

Ахиран хабарҳое ҳам расиданд, ки раиси шаҳри Душанбе ба нафароне, ки ҳамчун камбизоат рӯйхат шудаанд ва қудрати харидории батареяҳоро надоранд, бо батарея ройгон таъмин карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь