Ҷоиза барои қадрдонии рӯзноманигорон, коршиносон, таҳлилгарон, адабиётшиносони Тоҷикистон ва берун аз он, ки дар расонаҳои хабарӣ сарфи назар аз шакли моликият, намуди ВАО фаъолият доранд, таъсис шудааст.

Ҷоиза соле як маротиба дар маҳфилҳои марбут ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3-юми май ба як кас тақдим мегардад. Ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки тадқиқоти фарҳангие анҷом додаанд, ки дар ҷомеа вокуниши ҷиддӣ ба миён оварда, масъулияти касбиро барои ҷомеъа нишон додаанд.

Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» узви Кумисиюни «Ҷоизаи Пайванди Гулмуродзода» буда, меъёрҳои арзёбиро муайян мекунад. Пешбарии номзадҳо барои дарёфти «Ҷоизаи Пайванди Гулмуродзода» даҳ рӯз  пеш аз маъракаҳои марбут ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан оғоз гардида, дар ин бора Раёсати Шурои Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» тавассути расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоъӣ эълон пахш мекунад.

Пешбарии номзадҳо то 30-юми апрели соли 2024 идома меёбад. Номзадҳоро барои гирифтани «Ҷоизаи Пайванди Гулмуродзода» аъзои Раёсати «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон», ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд. Ҳамчунин номзадҳо метавонанд аз тариқи назарсанҷӣ, аз ҷумла ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод гарданд.

Номзадҳо барои дарёфти «Ҷоизаи Пайванди Гулмуродзода» аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоъӣ баррасӣ мегарданд. Қарор дар бораи барандаи ҷоизаро Кумисиюни таъсисдодаи «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» мебарорад ва онро Раёсати Шурои «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» ниҳоӣ мегардонад. Барандаи «Ҷоизаи Пайванди Гулмуродзода» бо диплом ва мукофоти вижа сарфароз гардонида мешавад. Миқдори маблағ ё мукофотро ҳамасола Раёсати «Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон» муайян мекунад. Як кас танҳо як маротиба метавонад барандаи «Ҷоизаи Пайванд Гулмуродзода» гардад.

https://t.me/farazhtjk

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь