Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин масъалаи дармондани молу колои тоҷирони тоҷикро дар Чин шарҳ дод.

– Масъалаи гузаштани борҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ аз Вилояти Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин доим зери назорати Вазорати корҳои хориҷӣ аст. Ҷониби Чин барои баррасии ин масъала бо ҷониби Тоҷикистон дар тамосанд, – гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Чӣ тавре ки Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, айни ҳол дар ноҳияи Қошғар, ки нуқтаи сарҳадӣ ба ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, вазъи эпидимиологӣ назар ба дигар минтақаҳо каме бад аст.

– Айни ҳол онҳо як нуқтаи безарагардонии автомобилҳоро бунёд карданианд. Ин сохтмон аз ҷониби Чин сохта мешавад. Ба қавли онҳо, ҳамаи мошинҳое, ки аз ин ҷо мегузаранд, бояд уфунатзудоӣ шаванд, – қайд кард Сироҷиддин Муҳиддин.

Сохтмони ин нуқта дар охири моҳи феврал хотима меёбад. Дар он сурат гузаронидани борҳо аз ин минтақа беҳтар мегардад. Аз сабабе ки ин минтақа каме сард асту дар инҷо имкони шабона кор кардан нест, шабона ин нуқта фаъолият намекунад.

Сабаби дуюми дармондани борҳоро вазир ба таҷлили соли нав дар Ҷумҳурии мардумии Чин рабт медиҳад.

– Чун ҳамасола дар ин кишвар аз 12-ум то 20-уми феврал соли нав ҷашн гирифта мешавад, минтақаҳои марзӣ низ давоми ин рӯзҳо фаъолият намекунанд, – гуфт вазир.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь