Ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; замима: ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба раиси шаҳри Кӯлоб,

аз номи шаҳрванд Назарова Сайлонбӣистиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ҳилоли Аҳмари 92, тел: 989025063 917201413

Дар баробари навиштани арзу доди худ ба шумо маълум мекунам, ки фарзандам Ҷовидони Бозоралӣ дар таърихи 1.10.2020 бо хоҳиши худаш ба комисириати ҳарбии н. Синои ш. Душанбе ариза навишта, ба хизмати ватан рафт.

Фарзанди ман, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар Гвардияи миллӣ хизмат мекард, дар таърихи 16.09.2022 писарам ҳангоми муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рафти амалиётҳои ҷангӣ захмӣ шуд. Дар таърихи 28.09. то 18.10. 2022 дар шифохонаи ҳарбии ноҳияи Б. Ғафуров бо ташхисӣ осеби оташфишонӣ мавзеи қафаси сина аз чап бо захмишавии шуши чап, шикастани беҷоншавии 31/1 мобайни банди дасти чап ва вайроншавии функсияи дастпанҷа, инчунин як чашм низ осеб бардошта, ба шифохонаи мазкур бистарӣ шуд.

Шавҳарам аз дунё гузашт. Оилаамон камбизоат мебошад.  Айни замон фарзандам ба муолиҷаи тиббӣ ниёз дорад. Барои гирифтани нафақаи маъюбиаш ба шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Кӯлоб муроҷиат кардам, аммо маро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе равон карданд.

Инчунин, қайд карданд, ки нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз ш. Душанбе дода шавад.  Ягон ниҳоди дар боло зикршуда ба мо ёрӣ нарасониданд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои гирифтани нафақаи маъюбии писарам кумак кунед.

Умедворам, ки пас аз супориши Шумо шояд онҳо аз хоб бедор шаванду ба доди мани сарсону саргардон расанд. Гирифтани нафақаи маъюбӣ ҳамаи ин мушкилоти моро бартараф хоҳад кард.

Бори дигар хоҳиш мекунам, ки ба доди мани камбизоат расед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь