Муяссара Носирова бо касбу ҳунарҳои мардумӣ машғул аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо тиҷорати дӯстдоштаи худ ӯ даромади хуб ба даст меорад. Қаҳрамони мо аз кӯдакӣ ба ҳунарҳои мардумӣ муҳаббат дорад. Дар синни 16-солагӣ номбурда ҳунарҳои гулдӯзӣ, нақҳҳои миллӣ, дӯхтани кӯрпаҳо, болиштҳо ва матрасҳои миллиро аз худ кардааст.Соли 2004 бори аввал фармоиши муштариро мустақилона қабул ва иҷро кардааст. Кори ӯ ба муштарӣ писанд омадааст, ки то инҷониб ба ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошад.
– Падару модари ман як дӯкони пахта доранд. Кори дӯзандагиро маҳз дар ҳамин дӯкон оғоз намуда, фармоиши муштариёнро қабул карданро сар кардам. Ман тиҷорати худро шуруъ кардам ва шумораи муштариён зиёд гардида, тиҷорати ман рушд ёфт. Ман дар ҳама намошгоҳҳо ва яармаркаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштам ва ниҳоят фармоишҳои нави тарроҳиро қабул кардам,- мегӯяд ӯ.
– Имрӯз ман гирандаи гранти ҷумҳуриявӣ барои ҳунарҳои мардумӣ ҳастам ва фармоишро барои таъмини иншооти ҷумҳуриявӣ, аз қабили муассисаҳои нави томактабӣ бо матрас иҷро карда, инчунин барои сайёҳон туҳфаҳои миллӣ омода сохта, ба фурӯш мегузорам. Барои рушди тиҷорати худ ба ман маблағгузории иловагӣ лозим буд ва барои гирифтани қарз тасмим гирифтам. Бо ҳамин мақсад ба “Бонки Эсхата” муроҷиат кардам. Баъд аз гирифтани қарз ман сармояи муомилоти худро афзоиш додам ва тиҷорати худро васеъ кардам. Бо дастгирии “Бонки Эсхата” ман оилаи худро таъмин намуда истодаам. Ман хеле шодам, ки мустақилона ду фарзандамро калон кардам. Писаронам аллакай донишҷӯ шуданд ва ба ман дар пешбурди тиҷорати оилавӣ кумак мекунанд. Оҳиста-оҳиста майдони истиқоматиро зиёд кардам. Хонаи 1-ҳуҷрагиро фурӯхтам ва хонаи 3-ҳуҷрагӣ харидам,- бо ифтихор қайд мекунад Носирова Муяссара.
– Ман медонистам, ки роҳандозии чунин тиҷорат осон нест, аммо боварӣ доштам, ки аз ҷониби “Бонки Эсхата” дастгирии молиявӣ мешавад ва нақшаҳои худро амалӣ мекунам. Шартҳои мусоиди қарз ва маслиҳат аз коршиносони қарзӣ ба ман кумак кард, ки вазъи молиявии худро тақвият диҳам. Барои тиҷорат рушди доимӣ лозим аст. Мизоҷон маҳсулоти навро талаб мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир ният дорам, ки матоъҳои нав харам, то ба мизоҷонам моделҳои замонавиро барои ҷашни “Наврӯзи 2021” пешниҳод кунам. Ман инчунин орзу дорам, ки як коргоҳи худро кушоям ва тиҷорати худро васеътар кунам. Дар ин маврид бояд дастгирии молиявӣ бошад. Бинобар ҳамин, ман ба шарики бовафои худ, ба “Бонки Эсхата” муроҷиат мекунам. Ман касби худро дӯст медорам, зеро матавонам дар хона ҳамроҳи фарзандонам бошам ва ҳамзамон пул кор кунам. Хеле шодам ва ифтихор аз он мекунам, ки ман модар ва зани соҳибкор ҳастам,- мегӯяд Муяссара Носирова.
Бонки Эсхата дар рушди соҳибкории занон ҳамеша саҳмгузор аст. Ҳамеша барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва нақшаҳои мизоҷони худ кумак мерасонад. Бонки Эсхата дар навбати худ ба Муяссара Носирова барои ҳамкорӣ арзи сипос гуфта, аз самими дил таманно дорад, ки тиҷорати ин бонуи соҳибкор ҳамеша гул -гул шукуфад.