Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо харҷи зиёда аз 32 миллион 181 ҳазор сомонӣ  роҳҳои мошингард ва пулҳо таъмиру бозсозӣ шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар  Усмон Тағоибекзода ба “Фараж” иттлоъ дод, ки  дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмирии роҳҳо беш аз 2 миллиону 292 ҳазор сомонӣ, мақомоти маҳаллӣ 3 миллиону 654 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда, бо ин маблағҳо роҳҳоу пулҳо таъмир шудаанд.

Ӯ афзуд, ки бо дасгирии соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ ба маблағи 26 миллиону 234 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингард ва пулҳо таъмир шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 миллиону 477 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Номбурда афзуд, ки дар маҷмуъ бо истифода аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра  136 км роҳ асфалтпӯш 51,517 км ва шағалпӯш 84,429 км гардидааст. Ҳамчунин, беш аз 60  пул  таъмир гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳамагӣ 2 ҳазору 749,2 километр роҳ мавҷуд аст. Аз он 340,7 км роҳи ҷумҳуриявӣ, 435,2 км роҳи байналмилалӣ, 1 ҳазору 977,4 км роҳи маҳаллӣ мебошанд, ки  аксари онҳо таъмир гардида, боқимонда роҳҳо  марҳила ба марҳила таъмиру таҷдид хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь