Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба таҷовузи Исроил ба Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 хабар медиҳад, ки ин ҳуҷум боиси талафоти ҳазорон ғайринизомӣ гардид.

Инчунин, шоми 17-уми октябри соли 2023 бомбаборони Исроил ба бемористони Ал-Маъмаданӣ боиси куштори ваҳшатноки мардуми осоиштаи фироркардаи фаластинӣ гардид, ки дар натиҷа 1000 кас кушта ва захмӣ шуданд. Тибқи фармони раисҷумҳури Фаластин аз 18-ум то 20-уми октябр дар Фаластин ва тамоми сафоратхонаҳои он дар ҷаҳон мотами миллӣ эълон шуда, парчамҳо нимаафрохта мешаванд.

Ба ин муносибат 20-уми октябри соли 2023 аз соати 10:00 то 12:00 ва аз соати 14:00 то 16:00 дар бинои сафорати Давлати Фаластин китоби таъзия боз хоҳад шуд.

Сафорати Давлати Фаластин ин фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтиром ғанимат медонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь