Ҳайати меҳмонони Қазоқистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар барои гузаронидани Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Маросими истиқболи онҳо дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод сурат гирифт. Ҳайати меҳмононро бо суруду тарона ва базму шодӣ истиқбол гирифтанд.

Баъди истиқбол меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Авасто»-и вилояти Хатлон дидан карданд.

Бо мақсади такмил додани раванди дӯстӣ, беҳтар кардани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, табодули таҷриба ва шинос шудан аз фарҳанги якдигар аз 21 то 23-уми август шаҳри Бохтар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон доир мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь