Суди вилояти Хатлон бо баргузории панҷ мурофиа баррасии парвандаи пурсарусадои қатли ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ аз ҷониби марди 41-солаи ҳамсояаашро ба анҷом расонд.
Судя Аскаралӣ Амонзода рӯзи 3-юми апрел зимни қироати ҳукм, судшаванда Нурмаҳмад Нуровро дар куштори Хуршед Ғолибов айбдор дониста, номбурдаро ба 14 солу 6 моҳ, бо сипарӣ кардани адои ҷазо дар муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯр, маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа барои судшаванда ҷазои сангини 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ дар коллонияи низомаш пурзӯр талаб карда шуда буд. Аммо наздикони судшуда ва адвокат ба ин ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд, ки баъди дастрас кардани ҳукм бо шикояти кассатсионӣ ба Суди Олии Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи қатли Хуршед Ғолибови 21-сола, ки гуфта мешуд, хушдори ҳамсинф ва ҳамсоядухтараш будааст, нимаи дуюми рӯзи 14-уми январи соли равон дар дохили яке аз ҳуҷраҳо, дар хонаи падари духтар – Нурмаҳмад Нуров, рух дод ва худи ҳамон рӯз, пас аз санҷиши макони ҳодиса, мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 104, Кодекси ҷиноятӣ – “Одамкушӣ”, ки ин қисми моддаи ҷиноятӣ аз 8 то 15 солро дарбар мегирад, парванда боз кард.
Ҷузъиёти ҳодисаро метавонед дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Фараж” хонед.