8 октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Собирзода, раиси ноҳияи Деваштич А. Ҷалилзода, муовини раиси ноҳия Г. Нуруллозода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Д.Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Б. Расулзода бинои муассисаи таълимии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва 38 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Инчунин, муассиса аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат буда, бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сомониён-1» иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин, муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 14 адад компютер, 2 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки деҳаи Ростровут деҳаи дурдасттарини ноҳияи Деваштич ба ҳисоб рафта, бинои якуми муассисаи мазкур соли 2014 барои 400 ҷойи нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Зайнаб Ҳусейнова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь