Рафти иҷрои буҷети давлатӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба он имрӯз, 30-юми ноябр, мавриди муҳокимаи парламентӣ қарор гирифтааст.

Тибқи иттиллои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҷаласа таҳти раёсати муовини раиси МН Хайриниссо Юсуфӣ ва ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ сурат гирифта, дар он вакилон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори соҳаи марбутаи кишвар иштирок карданд.

Муовини раиси кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабзода зимни суханронӣ изҳор дошт, амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ дар кишвар таъсис дода шавад. Бино ба гуфтаи Раҷабзода, дар ин муддат танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

-Соли 2017 дар умум барои 135 ҳазор нафар кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст, ки ин ба хеҷ ваҷҳ мушкилоти нарасидани ҷойҳои кориро дар мамлакат ҳал карда наметавонад. Мо бояд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва тавассути ҳарчи бештар ҷалб сохтани сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, сохтмони корхонаҳои хурду миёна ва азхудкунии заминҳои навро, ки омили муҳайё кардани ҷойҳои кори нав мебошанд, ҷиддӣ ба роҳ монем,- гуфт Равшан Раҷабзода.

Ҳамчунин, аз маблағгузорӣ вобастагии калон доштани пешравии ҳама соҳаҳо махсус қайд гардид. Маълумотномаи Вазорати молия низ пешкаш карда шуд, ки ин ниҳод аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 2016-2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 27,3 миллион сомонӣ равона намудааст. Дар ин муддат ҳамчунин, барои таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кӯмакпулӣ 12,4 млн., барои ташкили корҳои ҷамъиятӣ 1,6 млн., сиёсати шуғл 1,5 млн., барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон 11,8 млн., аз он ҷумла ҷиҳати пардохти идрорпулӣ 3,6 миллион сомонӣ равона шуда будааст.

Барои амалишавии барномаи мазкур танҳо дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 16,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 беш аз 5 миллион ва 2017-ум 1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Сумангул Тағойзода, сараудитори Палатаи ҳисоб Кучакшозода Акрам бо ахбороти муфассал баромад намуданд.

Зикр гардид, ки маблағҳои мақсаднок равонагардида, пеш аз ҳама барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва касбомӯзии шаҳрвандони кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь