Соли гузашта аз ҷониби кормандони прокуратура 6 қарори раиси шаҳри Левакант  бекор карда шуда, 12 қарори дигараш ба қонун мутобиқ гардонида шуда, ки аз  ин вазъ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ изҳори нигаронӣ кард.

Раиси Кумитаи Идораи замини шаҳри Левакант Файзуллозода Азиз дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки соли 2021-ум аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар шаш қарори раиси шаҳри Левакант бекор карда шуд.

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки нисбати 12 қарори раиси шаҳр аз ҷониби прокуратура эътироз оварда шуда, ҳамаи онҳо ба қонун мутобиқат карда шуданд. Дар идома ӯ афзуд, ки қарорҳои бекоршуда ба собиқ  раиси шаҳри Левакант тааллуқ доранд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ аз бекоршавии қарорҳои раисиони шаҳру ноҳия, масхсусан шаҳри Леввакант, изҳори ташвиш карда гуфт, ки танҳо аз як шаҳри Левакант  нисбати 11 қарори раиси шаҳр эътирози прокурорӣ оварда шудаву чанде аз онҳо бекор шудаанд, ки ин боиси нигаронист.

Зимни нишасти хабарӣ аз Прокуратураи  вилояти Хатлон  иттилоъ дода буданд, ки соли 2021-ум аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбати 400 қарори ғайриқонунии  раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуд, ки ин нисбати соли 2020-ум 133 адад зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь