Вазорати мудофиаи Русия дар баёнияе аз кушта шудани як генерали рус дар Дайруззор, воқеъ дар шарқи Сурия, хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Валерий Асапов генерали артиши Русия дар ҳамлаи тӯпхонаӣ ва хумпорҳои террористҳои ДИИШ ба Дайруззор кушта шуд.
Вазорати мудофиаи Русия дар баёния эълон кард, ки Валерий Асапов, ки дар гурӯҳи машваратии низомиёни рус дар Сурия қарор дошт, бар асари инфиҷори гулӯлаи хумпорҳое, ки ҷангиёни ДИИШ ба самти маркази фармондеҳии артиши Сурия шиллик карда буданд, кушта шуд.
Ин генерал бо номи Примаков дар ҳудуди Украина, дар Донбасс, низ фаъолият кардааст.
Блоки рекламавӣ