Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Кушониёни видояти Хатлон ба ятимони кул сару либос, кӯмаки молиявӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Барии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ба 28 ятими кулл ва наздикони онҳо чорабинии идона баргузор гардида, дастархони идона ороста шуд.
Раиси ноҳия дар сухани табрикотии худ тамоми кӯдакон ва иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва рӯзгори осударо таманно кард.
Дар рафти чорабинии идона аз тарафи раиси ноҳия ва меҳмон, ба ҳамаи ятимони кулл либосҳои зимистона, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим шуд.