Тибқи санҷишҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 майдони 10543 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, ки аз он 8823 га заминҳои корами обиянд.
Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи мазкур Ҳакимзода Қурбон, ки имрӯз, 1-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз дошт, аз ин миқдор 6154 га бо сабабҳои бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо ва 4389 га корҳои ғайри қаноатбахши хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
– Инчунин, дар ҷумҳурӣ майдони 23598 гектар заминҳои партови обӣ мавҷуданд, ки онҳо низ бинобар сабабҳои нарасидани об барои обёрӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои муайян ба намуди заминҳои партов гузаронида шудаанд. Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 53929 гектар заминҳои обӣ бинобар ҳар гуна сабабҳои нарасидани об ва ҳолати бади мелиоративӣ дар истифода қарор надоранд, ё ҳамчун замини корами лалмӣ истифода бурда мешаванд, – гуфт Ҳакимзода.
Бино ба гуфтаи раиси Кумита, дар натиҷаи андешидани чораҳо дар соли 2017 дар майдони умумии 1707 га заминҳои партов, аз он 1651 гектар обӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, майдони заминҳои аз гардиши берунмонда нисбат ба соли гузашта майдони 2287 га, аз он 1424 га обӣ кам шудааст.