Бахшида ба Соли нави меллодӣ дар шаҳри Кӯлоб ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳр, мактаб-интернати №1 ёрирасони шаҳри Кӯлоб ва Осоишгоҳи кӯдакона барои беморони сили шаҳри Кӯлоб ёрӣ расонида шуд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайрави ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбон Амирхон ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Соли нави меллодӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб, Мактаб-интернати №1 ёрирасони шаҳри Кӯлоб ва Осоишгоҳи кӯдакона барои беморони сили шаҳри Кӯлоб расонида ҳамзамон ба тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.
Зимни баромад меҳмонон аз дастгириҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ин табақаҳои ниёзмандро дастгирӣ менамоянд ва доимо таъкид медоранд, ки Шумо худро танҳо эҳсос накунед.
Ҳамзамон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сипосу миннатдории тамоми мардуми шаҳри Кӯлобро ба Пешвои сулҳпарвару ятимпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва соҳибкори муваффақи кишвар муҳтарам Маҳмудҷон Муродов ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ баён намуд.
Қайд карданд, ки мо тамоми масъулияти худро барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушду нумуи Тоҷикистони азиз равона месозанд.