Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар як вохӯрии дӯстона бо дастаи мунтахаби Малайзия ба шикаст дучор шуд.

Шогирдони Усмон Тошев пеш аз бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Мянмар ва Қирғизистон бо дастаи мунтахаби Малайзия дар Куала-Лумпур як бозии санҷишии дӯстона баргузор карданд. Ин вохӯрӣ бо натиҷаи 1:0 бар нафъи соҳибони майдон ба охир расид. Голро Муҳаммад Сафавӣ Расид дар дақиқаи 72-юм зад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тақрибан тамоми қисми дуюми бозиро бо ҳайати кам гузаронд, зеро дар аввали ин қисм дарвозабони даста Рустам Ятимов берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кард ва довар ӯро бо кори сурх ҷазо дод. Дар натиҷа ҳуҷумкунанда Манучеҳр Ҷалилов аз майдон гирифта шуда ва ба ҷойи ӯ дарвозабони эҳтиётӣ Шоҳрух Қирғизбоев ба бозӣ даромад.

Усмон Тошев бозии шогирдонашро хуб баҳо дод ва гуфт, ки чунин бозӣ ва чунин воқеаҳо заруранд, то даста таҷрибаи бештаре гирад.

Фардо, 12-уми ноябр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мандалай сафар мекунад, то рӯзи 14-уми ноябр бо дастаи мунтахаби Мянмар вохӯрӣ баргузор кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь