Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ аз сирояти коронавирус ба шуъбаи эҳёи бемористон интиқол дода шудааст.
Сирояти COVID-19 дар Ҷонсон 26-уми март ташхис гардида, то 5-уми апрел дар бемористони Сент-Томаси Лондон дар қарантин буд.
Тибқи иттилои дафтари сарвазир нимаи дуюми 6-уми апрел аҳволи ӯ бадтар шуда, ба шӯъбаи эҳё интиқол дода шудааст.
– Сарвазир аз вазири корҳои хориҷии кишвараш Доминск Рабб хостааст, ки дар суравти зарурӣ ӯро иваз кунад, – гуфта мешавад дар изҳорот.
Тибқи иттилои “The Guardian”, Борис Ҷонсони 55-сола бедор аст ва қарори табибон ба онвобаста аст, ки шояд ба нафаскашии босуръати сунъӣ ниёз дошта бошад.
Агентии иттилоотии “Рейтерс” илова кард, ки қаблан сухангӯи вай ба саволи ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани сарвазир ҷавоби аниқ надодааст.