Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳузурашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оғози фурӯши маҳсулоташон дар интернет мусоидат мекунад.

Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 18-ум то 21-уми октябри соли 2021 дар як барномаи нодири дарсӣ доир ба пешбурд ва фурӯши онлайни маҳсулот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок карданд. Дар марҳилаи баъдӣ, ширкатҳои мунтахаб аз машваратҳои вижаи коршиноси байналмилалӣ низ баҳравар мешаванд. Ин тренинг дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуд, ки он аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Давраи омӯзиширо Екатерина Дивеева, мутахассиси варзидаи ширкати “Fashion Consulting Group”-и шаҳри Маскав гузаронид.

Дар доираи ин барнома ширкаткунандагон бо равандҳои навтарин дар пешбурду фурӯшҳои онлайнӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳ ба шабакаҳои иҷтимоие, ки миёни тоҷикистониён маъруфанд, ба мисли Инстаграм, Фейсбук, Тик Ток ва Телеграм шинос шуданд. Онҳо, ҳамчунин, бо нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешбурди тиҷорат ва беҳтар намудани имиҷи ширкат ошно шуда, бунёди саҳифаҳои касбӣ бо истифода аз воситаҳои замонавии ҷалби муштариро омӯхтанд.

Коршинос ва тренер Екатерина Дивеева чӣ гуна ба платформаи муфид барои соҳибкории хурду миёна ҷиҳати муаррифии брендашон ва афзоиши фурӯши маҳсулоташон табдил гардидани шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ дод. Хонум Диеева дар ин барномаи дарсӣ воситаҳои ҷолибу наверо барои афзоиши фурӯшҳои онлайнии маҳсулот ба корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон таълим дод.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки ин маълумоту дониш ба корхонаҳои тоҷик барои ҳамроҳ гардидан ба равандҳои рақамӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ӯ илова мекунад: “Мунтазири натиҷаҳои аввалини ин ибтикор ҳастем. Бо мусоидат ба рушди касбии корхонаҳо мо маҳсулнокӣ, сифат ва даромади онҳоро баланд мебардорем”.

Ширкатҳои тоҷик боз кардани саҳифа дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва эҷоду мудирияти сафҳаҳои ҷолибу самаранокро омӯхтанд.

Нигина Асадова, мутахассиси ширкати “КОТА Глобал”, мегӯяд: “Хушҳолем, ки метавонем омӯхтаҳоямон аз ин тренингро ҳангоми идораи саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ намоем. Мо фаҳмидем, ки чӣ гуна аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси як воситаи сареъ, арзон ва муассир барои дастёбӣ ба муштариён дар тамоми ҷаҳон истифода барем. Ширкати мо аз ин имкониятҳо истифода хоҳад кард”.

Ин саҳифаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин, бо абзорҳои молиявӣ муҷаҳҳазанд, ки ба ширкатҳо ҷиҳати фурӯшҳои онлайнӣ ёрӣ медиҳад. Дар асри тиҷорати рақамӣ ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ омодаи пешниҳоди имкониятҳои онлайнӣ ба муштариёнашон мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь