13-уми декабр дар шаҳри Душанбе китоби рӯзноманигор ва нависандаи афғон Фаҳим Даштӣ таҳти унвони “Дуру наздики Омир Соҳиб” бо хати сириллик рӯнамоӣ гардид.

Китоби мазкур перомуни ҳаёту зиндагии қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд қисса мекунад, ки бевосита худи Фаҳими Даштӣ дар рафти ин ҳама ҳодисоти дар китоб дарҷгардида канори Омир Соҳиб будааст ва ҳам китобро хотироте аз будан дар канори Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд унвонгузорӣ кардаанд.

Дар чорабинии мазкур раиси умумии Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд Аҳмад Валӣ Масъуд, раиси Анҷумани дӯстӣ ва муносибатҳои фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон Қосимшоҳ Искандаров, рӯзноманигорону нависандагон ва дигар алоқамандони қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок карданд.

Ҳозирин дар рафти чорабинӣ перомуни ҳаёт ва фаъолияти натанҳо муаллифи китоб, балки дар мавриди бардошт аз вохурии худ аз Аҳмадшоҳ Масъуд низ ёдовар шуданд.

Аҳмадвалӣ Масъуд қайд кард, ки хонаи Масъудро дар Душанбе қарор аст ба осорхона табдил диҳанд. Ӯ дар ин маврид таъкид дошт, ки бо писари Аҳмадшоҳ Масъуд Аҳмад Масъуд низ гуфтугӯ кардаст. Масъуди хурдӣ ин пешниҳодро хуш пазируфтааст.

Ба таъкиди Аҳмадшоҳ Комилзода, профессори тоҷик, китоби “Дуру наздики Омир Соҳиб” як тӯҳфаи хубе барои хонандаи тоҷик мебошад. Ӯ зикр кард, чун на ҳамаи хонандагони тоҷик хати форсиро балад ҳастанд, чопи китоб бо хати сириллик барои ошноии бештар пайдо кардани мардуми тоҷик бо Аҳмадшоҳи Масъуд мусоидати бештаре мекунад.

Нашри китоби мазкур ба 51-солагии рӯзноманигор Фаҳим Даштӣ рост омад.

Фаҳим Даштӣ дар синни 49-солагӣ 5-уми сентябри соли 2021 дар пайи ҳамлаи мушакме дар Панҷшер аз сӯӣ Толибон* кушта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки китоби “Дуру наздики Омир Соҳиб”зи Фаҳими Даштӣ аз ҷониби Сипеҳри Кароматулло ба хатти сириллик баргардонӣ шуда, дар нашри он Фахриддини Холбек, рӯзноманигори тоҷик, ба ҳайси муҳаррир ва масъули чоп саҳм гузоштааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

*Толибон – гуруҳи террористие, ки ҳаракаташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь