МИҲД-и вилояти Хатлон аз ба анҷом расонидани як силсила корҳо дар самти таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, бахусус марказҳои саломатии деҳот дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар 11 моҳи соли равон хабар додааст.

Тавре ин ниҳод ба www.moh.tj (сомонаи вазорати тандурустӣ) иттиллоъ додааст, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои ба шароити тиббӣ мувофиқ сохтани муассисаҳои тиббӣ сохтмон, таъмир, таъмини муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти лозимӣ ва марҳила ба марҳила баровардани муассисаҳо аз биноҳои ғайритиббӣ (вагон, хона, мактаб) тӯли ин муддат (2 адад бунгоҳи тиббӣ аз мактаб ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз ҷойҳои ғайритиббӣ бароварда шудааст) 32 адад бунгоҳи саломатӣ сохта, ба истифода дода шуда, феълан сохтмони 4 адад бунгоҳи дигар идома дорад.

Мақомот ҳамчунин, афзоиши аҳолии деҳот ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сабаб пеш оварда гуфтааст, сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар солҳои 2019, 2020, 2021 низ идома хоҳанд ёфт.

МИҲД-и вилояти Хатлон, ҳамчунин хабар додааст, ки дар асоси лоиҳаи “Беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ” Бонки умумиҷаҳонӣ ба 17 маркази саломатии деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ тақдим кардааст, ки аллакай дар 12  маркази саломатии деҳот васл карда шудаанд.

“Дар ин давра шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии саховатмандон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ба маблағи 80 000 сомонӣ таъмир гардида, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаҷми 90 метри мураббаъ гирду атрофи маркази саломатии ноҳия сафолакпӯш карда шудааст. “Корҳои ободонӣ минбаъд ҳам бо маром идома меёбанд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь