Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Фарзонаи Умаралӣ ва дастпарвари ин марказ Баҳманёр Надиров барандаи ҷоизаҳои “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) гардиданд.
Тибқи натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин инъикосгари масоили ҳуқуқи инсон, озодии динӣ ва мубориза алайҳи ифротгароӣ», ки 5–уми ноябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид, Фарзонаи Умаралӣ хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” барандаи “Ҷоизаи махсуси IWPR барои рушди касбият” ва Баҳманёр Надиров дастпарвари ин даргоҳ соҳиби “Ҷоиза барои касбияти журналистӣ дар инъикоси масоили ифротгароӣ, терроризм ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” гардиданд.
Дар озмуни “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон”, хабарнигор аз вилояти Суғд Ҷамшеди Маъруф сазовори ҷойи аввал, хабарнигори радиои “Озодӣ” Орзуи Карим дар минтақаи Хатлон барандаи ҷойи дуюм ва хабарнигор аз вилояти Бадахшон Машҳур Имомназаров сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин барои беҳтарин маводи чандрасонаӣ хабарнигори нашрияи «Вечёрка» Зулфия Голубева, барои матлаби «Ифротгароӣ аз назарҳо: Омилҳо ва натиҷа», соҳиби ҷоиза гардид.
Дар бахши «Беҳтарин инъикосгари занон ва кӯдакон» хабарнигори радиои “Озодӣ” Сарвиноз Рухуллоҳ ва ҳамзамон ҷоизаи махсус барои ҷасорати журналистӣ хабарнигори телевизиони «Азия» дар шаҳри Хуҷанд Афзал Босолиев сазовор гардиданд.
Ба ғолибон мукофотпулӣ ва диплом тақдим шуд.
Дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон ” IWPR бори дуюм аст, ки озмун баргузор менамояд.
Чӣ гунае, ки ташкилкунандагони ин озмун қайд намуданд, дар доираи озмуни мазкур зиёда аз 76 мавод аз 20 журналисти ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дархост ворид гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро моҳи сенятбр эълон карда буд.