Рӯзи гузашта Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз тарафи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии башардӯстона фиристод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ёрии мазкур, ки иборат аз 18 вагон буд, нисфирӯзии 9-уми апрел вориди Душанбе гардид. Онро як гурӯҳ аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон ба Душанбе расонанд.
18 вагони фиристодашуда, аз 1 ҳазор тонна орд, воситаҳои уфунатзудоӣ, дастпӯшу ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат буданд.
Дар маросими истиқболи ёрии ҷониби Ӯзбекистон вазири тадурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ Насим Олимзода ва вазири саноати Тоҷикистон Заробиддин Фазлиддинзода иштирок доштанд.
Блоки рекламавӣ