“Бонки Эсхата” имконияти мусоидро барои шаҳрвандоне, ки дар Русия мебошанду хоҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро доранд, акнун метавонанд, бо рақамҳои русӣ дар заминаи барномаи «Эсхата онлайн» сабти ном карда, интиқоли маблағро ба пайвандон ва наздикони худ бо истифодаи корти русӣ метавонанд аз хонаи истиқомати худ набаромада, вақти худро сарфа карда, мушкилоти худро ҳал намоянд.

Барои иҷро кардани ин амалиёт шаҳрвандон бояд бо дастурамалҳои  пайвастшавии корти Русӣ ба барномаи «Эсхата онлайн» шинос шуда, баъдан метавонанд, интиқоли маблағи худро анҷом диҳанд: Пас аз ворид шудан ба барнома, менюи “пардохтӣ ва интиқолҳо”-ро интихоб кунед. Баъдан тугмаи “Интиқол аз ФР”-ро интихоб карда, тугмаи “Илова”-ро интихоб карда ва корти русии худро пайваст кунед. Баъдан тугмачаи “+”-ро интихоб карда, “Иловаи кортҳои “VISA/MasterCard/ МИР”-ро пахш кунед. Ҳамзамон, маълумоти корти Русиро ворид кунед, тугмаи “Корти пайванд”-ро  интихоб намоед. Рамзеро ворид кунед, ки ба рақами телефони шумо фиристода мешавад. Дониста бошед, ки Корти шумо пас он пайваст мегардида, танҳо шумо тугмаи “Бозгашт”-ро интихоб кунед, то дигарбора тавонед бо ин роҳ маблағи худро интиқол диҳед.Бояд ёдовар шуд, ки шумо бояд рақами телефони қабулкунадаи маблағро ба маблағи интиқолро ворид карда ва дар қисмати “Ҳисоби дебетӣ” пайванд намоед. Инчунин, рамзи ба рақами телефони Русӣ фиристонидаи худро ворид карда, тугмаи “Пардохт”-ро пахш намоед.

Ин имконият барои дорандагони кортҳои VISA/MasterCard/ МИР-и Русия дастрас аст.

Барномаи мобилии «Эсхата онлайн» дар телефони мобилии худ боргирӣ намуда,кортро пайваст намоед ва аз пешниҳоди муфиди интиқоли маблағ истифода намоед: http://eskhata.com/online

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь