Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон”, озмуни миллии беҳтарин таҳқиқоти журналистиро эълон мекунад.

Мақсадҳои озмун:

Мусоидат ҷиҳати рушди жанри тадқиқоти журналистӣ

Дастгирӣ ва сарфарозгардонии сатҳи баланди касбияти хабарнигорон барои анҷом додани тадқиқоти журналистӣ

Шартҳои озмун

Муаллифони штативу ғайриштатии матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, тадқиқоти мунташиршуда ва дар эфир пахш кардаи худро дар ин озмун пешниҳод намоянд.

Тадқиқот бояд дар мавзӯи ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон таҳия ва нашр шавад;

Матолибҳое дар ин озмун қабул мегарданд, ки аз 1-уми январи соли 2018 то 30-юми сентябри соли 2018 мунташир шуда бошанд.

Забони матолиби озмун –тоҷикӣ ва русӣ.

Дар ин озмун муаллиф ва ҳаммуаллифон метавонанд, то се матлаби тадқиқотӣ пешниҳод кунанд.

Агар тадқиқоти пешниҳод гардида аз тарафи чанд нафар муаллиф омода шуда бошад, дигар муаллифон бояд дар ҷараён бошанд. Дар сурати рух додани нофаҳмиҳо миёни муаллифон, ташаббускорони озмун ҷавобгарӣ нахоҳанд дошт.

Матлабҳои пешниҳод шуда, баррасӣ ва баргардонида намешаванд.

Матлабҳои беҳтарини озмун дар сомонаҳои Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (www.iwpr.tj), Дафтари Осиё –Марказии Журналистикаи Таҳлилӣ (www.cabar.asia) ва сомонаи ҳамкорони лоиҳа мунташир хоҳанд шуд.

Ташаббускорони озмун ҳақ доранд, ки минбаъд низ аз матлабҳои пешниҳодшудаи озмун истифода кунанд.

Дар  озмун матлабҳои илмӣ, таҳлилӣ, гузориш аз семинарҳо, давраҳои омӯзишӣ, конфронсҳо ва мизҳои гирд қабул карда намешаванд.

Пешниҳоди матлаб ба озмун маънои қабули “Шартҳои озмун”-ро хоҳад дошт.

Тартиби баргузор намудани озмун

Мӯҳлати охирини қабули матлаб на дертар аз 1-уми октябри соли 2018 соати 17:00 мебошад:

Матлабҳои озмун бояд дар шакли электронӣ ба нишонии (iwpr.tajikistan@iwpr.net.) пешниҳод карда шаванд. Тамоми матлаби озмун бояд бо тасдиқи нашр, (нусхаи ҳафтанома, маҷалла, сабти ТВ/радио) пешниҳод гарданд. Матлабҳои наворӣ (аудио/видео) бояд дар интернет ҳифз ва дастрас бошанд, то аз онҷо имкони гӯш додан ва ё боргирӣ кардан вуҷуд дошта бошад. Ҳамчунин, нишониҳои ин гуна матолиб бояд дақиқ ба почтаи электронӣ фиристода шаванд.

Ба ҳайати ҳакамони озмун намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон; хабарнигорон ва муҳаррирони фаъол; коршиносон дар бахши ВАО; намояндагони Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ ва созмонҳои шарикон ворид хоҳанд шуд.

Матлабҳои озмун аз руйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ хоҳанд шуд:

Мавҷуд будани унсурҳои тадқиқотӣ журналистӣ

Амиқии далелҳои исботкунанда: фарзияи тадқиқот, то куҷо исботи худро пайдо кард, муаяйн кардани сабабҳо, алоқа, ангезаҳо ва шахсони алоқаманд;

Натиҷа: матлаб чӣ гуна вокуниши мардумӣ ба вуҷуд овард, ин матлаб барои ба таври оммавӣ матраҳ гардидани ин мушкилот мусоидат кард ё на;

Беғаразӣ: матлабҳои озмун бояд бо тавозун ва бетараф бошанд;

Аҳамият: мавзӯъ ва мазмуни матлабҳои озмун бояд ҳолатҳои мушаххасро инъикос карда, мушкилоти мавҷударо боз намоянд;

Дастрасӣ: матлабҳои озмун бояд бо шеваи сода ва забони фаҳмо барои хонандагон навишта шаванд;

Ҷолибият: пешниҳоди ғайриоддии мазмун ва шаклҳои мавзӯъ пазируфта мешаванд;

Дақиқбаёнӣ: муаллифони матлабҳои озмун бояд ба таври ҳирфаӣ аз дастгоҳҳо ва имкониятҳои ВАО-и дигар истифода кунанд (яъне, истифодаи акс, садо, навор, инфографика ва ғайра.)

Кумитаи созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад:

муаяйн кардани мувофиқати корҳои мавзӯи эълон гардида;

қабул накардани матлабҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд;

аъзои ҳакамон ва ҳамчунин ҷалби коршиносони соҳавӣ барои бетарафона ва холисона баҳогузорӣ кардани баъзе аз матлабҳои пешниҳод гардида;

бо мақсади иттилоотнокӣ ва омӯзишӣ паҳн кардани нусхаҳои матлаб дар баъзе ҷорабиниҳо;

Тӯҳфаҳо

Ғолибони озмун бо маблағ сарфароз карда мешаванд. Ҷаизаҳо ба таври зерин тақдим мешаванд:

Ҷойи аввал – $500

Ҷойи дуввум – $400

Ҷойи саввум – $300

Созмондиҳандагони озмун ҳуқуқ доранд, то хазинаи ҷоизавиро вобаста ба теъдод ва сифати матлабҳои воридшуда истифода кунанд. Дар сурати зарурати сарфа маблағҳои сарфшуда барои тӯҳфаҳои таблиғотӣ харҷ карда мешаванд.

Аз муаллифон хоҳиш мешавад, ки ҳамаи матолибро ба нишонии электронии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон iwpr.tajikistan@iwpr.net. ирсол намоянд.

Мӯҳлати охири қабули матлабҳо барои озмун 17:00, 1-уми октбри соли 2018.

Барои маълумоти бештар ба намояндагии IWPR  дар Тоҷикистон бо нишонии: ш. Душанбе, к  М. Турсунзода, 45, Маркази савдои «Пойтахт», ошёнаи 5, ҳуҷраи 516. Tel: 227 94 75; 937356565 муроҷиат намоед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь