Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе имсол барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) гардид. Соли гузашта ин даста аз ин ҷом маҳрум шуд, аммо дар маҷмуъ ин маротибаи шашум аст, ки ин даста ғолиби ин мусобиқа мешавад.
Пеш аз финлаи Ҷоми ФФТ бозӣ барои ҷойи сеюм бо ширкати дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” баргузор шуд, ки бо натиҷаи 2:1 бар нафъи дастаи шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ҳар ду голи дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро ғолибро Диловаршоҳ Ғаниев зад.
20-уми феврал бозии финалии Ҷоми ФФТ-2021 миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 90+4 Алексей Ларин зад.
Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 бошад, насиби дастаи “Регар-ТадАЗ” шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ФФТ маротибаи даҳум баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ғолиби Ҷоми ФФТ шуда буд. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ду маротиба, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ якмаротибаӣ ин ҷомро ба даст овардаанд.