Як сокини шаҳри Ҳисор барои мубодилаи ғайриқонунии доллари амрикоӣ бо қарори суд 36,5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки сокини шаҳри Ҳисор Дилшод Шароповро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми мубодилаи ғайриқонунии беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ ба пули миллӣ – сомонӣ дастгир кардаанд.
Суди шаҳри Ҳисор ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 286 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, бо роҳи харид фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаи пардохт) гунаҳкор эътироф намуда, ба маблағи 36 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Мувофиқи тағйироти қабулшуда ба моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моҳи марти соли 2016, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии такрорӣ бо асъори хориҷӣ, дар ҳаҷми аз 8 ҳазор то 14 600 сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол чазо пешбинӣ шудааст.
Барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми ҷарима аз 29 ҳазору 200 сомонӣ то 43 ҳазору 800 сомонӣ ё ҷазо дар шакли аз 4 то 6 соли маҳрумият аз озодиро ташкил медиҳад.
Агар чунин қонуншиканӣ такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ ва ҳамчунин бо маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ содир шавад, пас ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 51 ҳазору 80 сомонӣ то 65 ҳазору 680 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ шудааст.