Асари «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» охири солҳои навадум дар Самарқанд ва соли 2006 дар Душанбе (нашриёти «Деваштич») ба табъ расид. Дар нахуст ба он басо назарногирона, беэътиборона муносибат доштанд, вале ба зудӣ фардони дарроку фозиле ба фаҳме расиданд, ки асари нодире арзи ҳастӣ карда.

Масалан Барзуи Абдураззоқ, таҳиягари сатҳи байналхалқӣ, иброз дошта буд:

«Аслан то ин дам таассуф мехӯрдам, дар кишвар эҷодгаре надорем (хоса насрнавис), ки ақаллан ба сатҳи миёнаи халқҳои пешрафта таҳлил карда ва андеша ронда тавонад. Ин ташвиш ҳастии маро мудом мехӯрд, то даме ки китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» – и Шераки Ориён ба дастам биафтод. Аз мутолиаи асар ақидаам дигаргуна бишуд. Хосатан бахшҳои «Сукунат ва хилват», «Дар миёни балоҳо», «Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест» ва монанди инҳо мафтунам карданд ва зери таъсири онҳо бимондам… Яъне, шукр, ки мо дар шахси Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) эҷодгаре пайдо кардаем, ки ба сатҳи халқҳои дигар андешаву таҳлил мекунад, балки дар сатҳи болову волое…»

Ва Қурбони Собир, профессор, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, навишта буд:

– Замони таълифу чоп шудани ин китоб банда мудири кафедраи маҳорати актёрии Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон будам. Он солҳо дар дафтари мудири кафедра китобхонае арзи ҳастӣ мекард. Шогирдон одат карда буданд аз ин ҷо китоби дилхостаро гирифта, мутолиа намуда баргардонанд. Вале бояд иқрор шуд китоби дӯстдоштании ҳамаи моён «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» маҳсуб меёфт. Наврасону навҷавонон бо василаи ин асар дар рӯ ба рӯи нобиғаҳои башар ва умдатарин пораҳои рӯзгор ва осорашон қарор мегирифтанд. Ҷавонон, бо ин китоб, ба даргоҳи нобиғагон, паёмбарон, шоирону нависандагон, рассомону бастакорон ва сӯфиён ва олимон ва ҳатто бузургони ашрофу адён ворид мешаванд, аз он ҷо дасти тиҳӣ берун намеоянд, ки барои эҷоди ояндаашон зарур бошад…»

Ва кор то ҷое расид, ки асар дар баъзе донишгоҳҳо китоби дарсӣ ва ё дастури таълимӣ бигардид.

Ва соли 2017 бошад китоби дуюми «Эҷод чист? Эчодгар кист?» ба табъ бирасид ва ғулғулаву нуфузи ин асарро афзунтар бикард. «Хонотарин китоби Тоҷикистон» – таъкид карда пажуҳишгар Шаҳобиддини Ҳақназар. – Ва баробари ин тарҷума шудани ин китоб ба забонҳо хориҷӣ авҷ мегирифт ва ҳатто дар 16 кишвари ҷаҳон, яъне факултаю риштаҳои эҷодӣ китоби дарсӣ, ё дастури таълимӣ қарор бигрифт.

Инак қисмати сеюми асари ғулғулаангези таҳлиливу равонӣ ва бадеиву пажуҳишии «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» ба табъ бирасид, ки ҷиҳатҳои тамоман дигари то ҳол номакшуфи эҷодгарӣ ва афкору хисоли аз дигарон фарқкунандаи эҷодгаронро ба таҳлил кашидааст.

Вобастаи ин Пайрав Низомов (доктори фанҳои равоншиносӣ, ки дар давлатҳои мутаррақии ҷаҳон фаъолияти густурдаи илмӣ дорад) навиштааст: «Яқинам бошад фақат мисли Шераки Ориён пажӯҳишгари нуқтасанҷу рӯҳшиносу хирадманд ва таҳлилгар ба миён оварда метавонист чунин шоҳасарҳои «Эҷод чист? Эҷодгар кист?»-ро. Яъне ҳамоне, ки дар зиндагӣ ва эҷод ҳамеша симои хосаи худро дошт ва ба ягон кас шабеҳ набуд. Симои хосаи худро ва симои хосаи эҷодии худро доштан муҳим буда рӯи замини гирдгардон ва хоса дар эҷоду эҷодгарӣ. Яъне ӯро, яъне Шераки Ориёнро аз касе пасту боло, ё дар канори чапу рост гузоштан нашояд. Зеро вай ҷои худро дорад, ки ба мавқеи ягон каси дигар шабеҳ нест (ва ҷои ягон каси дигарро ҳам гирифтанӣ набошад ва ин барояш зарурат ҳам надорад)… Чунин монанд набудан Шераки Ориёнро ва эҷоди ӯро барои ҳамагон ширин карда, ё бастагони эҷод дар дили худ барои вай ҷойи хоса ҷудо намудаанд…»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь