Акрамзода Абдуазиз Абдунасим, ки дар асоси фармони директори Корхонаи воҳиди давлатиии”Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 247 аз 09.07.2024 сол ҳамчун директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Исфара кор мекард, ҳамчун шахси мансабдор даст ба содир кардани ҷинояти порагирӣ зад.
23.09.2024 сол сардори шуъбаи ба рӯйхатгирии техникии КДФ БММҒ дар шаҳри Исфара Набиев Абдуаҳад Маҷидович бо истифодаи мақоми хизматӣ дидаю дониста, ки тартиб ва тайёр кардани шиносномаи техникӣ ба доираи вазифа ва ӯҳдадориҳои ӯ дохил мебошад, аз шаҳрванд Баҳодуров Суҳроб Зулфиқорович барои омода намудани ҳуҷҷатҳо ва шиносномаи техникии замини наздиҳавлигиаш маблағи 9700 сомонӣ ба сифати пора талаб намуда, ваъда медиҳад , ки бо ин маблағ дар муддати кутоҳ ин ҳуҷҷатҳоро тайёр ва дастрас менамояд.
Баҳодуров С. З. баъди маблағи пулӣ намудани Набиев, иброз менамояд, ки барои додани маблағи пулӣ ҷиянашро равон кунад. Сипас Набиев ба утоқи кории директори КДФ “БММҒ” дар шаҳри Исфара Акрамзода даромада, оиди ҳолати аз Баҳодуров С.З. маблағ талаб намудани маблағи пулӣ ба миқдори 9700 сомонӣ ба сифати пора ба охирон хабар медиҳад . Акрамзода бо Набиев байни ҳам маслиҳат менамоянд, ки маблағи аз шаҳрванд талаб намудаашон зиёд буда, Акрамзода ба Набиев супориш медиҳад, ки маблағи пораро камтар намояд.
Ҳолати мазкур аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара муайян карда шуда, барои пешгирӣ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи директори КДФ “БММҒ” дар шаҳри Исфара Акрамзода ва сардори шуъбаи ба руйхатгирии техникии КДФ БММҒ дар шаҳри Исфара Набиев Абдуаҳад Маҷидович, “А” ҳамчун шахси мусоидаткунанда ворид карда шуд. 03.10.2024 шахси мусоидаткунанда “А” ба утоқи кории Набиев ҳозир шуда, худро ҷияни Баҳодуров муаррифӣ намуд. Сипас Набиев дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхона Акрамзода оиди кам намудани маблағи пораи талаб намудааш амал намуда, ба ҷои 9700 сомонии пештар талаб кардааш аз шахси мусоидаткунанда “А” 7000 сомонӣ маблағи пора барои омода кардани ҳуҷҷатҳои номбаршуда, талаб намуда, ин маблағро мегирад. Худи ҳамон вақт Набиев баъди гирифтани маблағи пулӣ дар утоқи корӣ дастгир карда шуда, аз ӯ далелҳои шаъйӣ 7000 сомонӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Оиди ҳодисаи мазкур санаи 12.10. 2024 сол нисбати Набиев А.М. ва Акрамзода А.А. , бо моддаи 319 қисми 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятии № 9877 боз гардид.