Дар доираи лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон (ХАОМ – Тоҷикистон) маросими ифтитоҳи кӯпрукро дар маҳаллаи Горкий, ҷамоати Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор намуд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, амалигардонии лоиҳаҳои 20 созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома ёфта истодаанд ва маросими ифтитоҳи кӯпрук дар маҳаллаи Горкий, ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз он лоиҳаҳо мебошад.
Маросими ифтитоҳро раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ҳусни оғоз бахшида, дар мавзӯи «Рушди маҳалла ва нақши шарикии иҷтимоӣ дар ин раванд» суханронӣ намуд. Директори ХАОМ – Тоҷикистон дар мавзӯи “Лоиҳаҳои кунунии ХАОМ-Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани нерӯи ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва кумитаҳои маҳалла равона шудааст”, маърӯза намуд. Директори ташкилоти ҷамъиятии “Сапеда” дар бораи “Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бо истифода аз имкониятҳои кумитаи маҳалла” баромад кард. Дар ин чорабинӣ инчунин раиси кумитаи маҳаллаи Халевард Файзиддин Кишваров ва сокинони ноҳияҳои ҳамсоя, ки баҳрабардорони ташаббуси татбиқшаванда мебошанд, ширкат варзиданд.