Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Вахш чанд иншоотро мавриди истифода қарор доданд.
15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ифтихори Ватан”-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати технологӣ дар он шинос шуданд.
Корхонаи коркарду истеҳсоли пахта дар ноҳияи Кӯшониён аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, он дар доираи ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд шудааст. Корхона дар як мавсим иқтидор дорад, ки 5 ҳазор тонна ашёи хомро бо ҷалби 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ коркард намояд.
Корхона дар марҳилаи санҷишӣ 2153 тонна ашёи хомро коркард намуд ва дар натиҷа 816 тонна маҳсулоти тайёр, 1113 тонна пунбадона ва 29 тонна пати пахтаи ҷавобгӯи талаботи бозор истеҳсол гардид.
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахшро дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.
Мактаб-интернат аз 6 бинои алоҳида, бинои асосии дуошёна, хобгоҳ, ошхона, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва бинои муҳофизон иборат мебошад.