Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарии кории худ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ чанд иншолтро ифтитоҳ карданд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмолии Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Маркази ҷавонон аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти ҷавонон тамоми  шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии “Офтобак”-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот 4 ошёна буда, дар он 19 нафар ба тарбиятгирандагон таълим медиҳанд.

Муасссисаи томактабӣ аз ҷониби ҶДММ “Комил 2010” сохта шуда, аз 24 ҳуҷраи машғулиятгузаронӣ, ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои баргузории маҳфилҳои гуногун, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳаичунин  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи энергетикӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Фармоишгари иншоот ҶСК “Барқи Тоҷик” буда, паймонкор ширкати консорсиуми “Генсер ва Ҷенерал электрик” мебошад. Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат сохта шудааст.

Иншооти мазкур бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дорои сифати баланд аст.

Дар зеристгоҳи навбунёд 15 нафар мутахассис, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 110/10 кВ Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ Восеъ – Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь