Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафарии кории худ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён дар ифтитоҳи чанд иншоот иштирок карданд.
14 декабр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” иштирок карданд.
Аснои муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки арзиши умумии Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” 9,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза”-и Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, атрофи он бо гулу дарахтони ороишию ҳамешасабз кабудизор гардидааст. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар қабатҳои якум, дуюм ва сеюми он қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корию маъмурӣ, китобхона бо махзани бойи адабиёти бадеиву соҳавӣ, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Файзи Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон Агросаноат”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ аз гармхонаи парвариши лимӯ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониён боздид карданд. Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад.