Имрӯз 22-ноябр дар Осорхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии расмии намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Русия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», бахшида ба 25-солагии баимзорасии «Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия» баргузор гардид, ки аз панҷ қисм иборат буда, қисмҳои 2-юм ва 5-уми он ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст.

Дар  маросими  кушодашавии расмии намоишгоҳ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо   ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ оид ба сиёсати илм, маориф, фарҳанг ва ҷавонон Лутфия Раҷабова, президенти Академияи илмҳои ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ, инчунин ҳайти вакилон аз Федератсияи Русия ва дигар намояндагони расмӣ ширкат варзиданд.

Матни табрикоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазир Азим Иброҳим ва матни табрикоти президенти Русия Путинро сардори раёсат оид ба робитаҳои байниминтақавию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии маъмурияти президенти ФР Владимир Чернов  қироат карданд.

 Дар намоишгоҳи мазкур саҳифаҳои таърихии ҳамкориҳои муштарак ва даствовардҳо инъикос ёфта, ҳар як нигора ифодагари воқеии равобити дӯстонаи халқҳои Тоҷикистону Русия маҳсуб меёбад.

Бибиҷон Ашӯрова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь