Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Хурсон, ки самти фаъолияташон тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва таъминоти оби полезӣ мебошад, ягон техникаи заминкан  надорад, ки ин вазъ масъулони соҳаро нигарон кардааст.

Роҳбари ин идора Маҳмуд Камолов зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, дар мувозинаи ин идора 5 техника ҳаст, ки онҳо аз солҳои пеш буда, ҳоло дар ҳолати корношоям қарор доранд.

Ба иттилои ӯ, дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Хуросон ягон техникаи заминкан мавҷуд нест ва аз ин мушкил ҳам Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон  ва ҳам Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мебошанд.

Қайд гардид, барои рафъи ин мушкил ва дасрас кадани техникаҳои заминкан ба роҳбарият муроҷиат кардаанд ва ваъда шудааст, ки дар соли 2024 идораро бо техника таъмин мекунанд.

– Мо ҳамасола тавасути техникаҳои шахсии худи хоҷагиҳои деҳқонӣ заҳбуру заҳкашҳоро тоза мекунем. Дар соли 2023 беш аз 18 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза кардем.  Дар ҳолатҳои омодани сел аз Раёсат ва Агенти техникаҳоро барои кумак мефиристанд, – гуфт роҳбари идора.

Дар ихтиёри ин идора 105 км дарозии шабакаҳои обёрӣ ва 58 км заҳбуру закаш мебошад. Идора дар соли ҷорӣ бештар аз 7 ҳазору 300 гектар заминҳои  корами обии ноҳияро бо оби полезӣ таъмин кардааст, афзуд номбурда  ва илова кард, ки дар ин ин сол бо харҷи 1  миллиону 242 ҳазор сомонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ об баровардаанд, ки аз он ҳамагӣ 800 ҳазор сомонӣ ҳаққи истифодаи об ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ба гуфти роҳбар, ҳоло Идораи давлатии замин ва обёрии ноҳияи Хурсон  аз ҳаққи истифодаи барқ 600 ҳазор ва андоз 200 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь