Ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии шаҳрвандон шоми 28-уми апрел дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Гагарин, Истиқлол, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, Аминҷон Расулов, Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайраҳо тамизгардонии густурдаи навбатӣ роҳандозӣ  гардид.

Гуфта мешавад, ки тадбирҳои безараргардонӣ минбаъд низ дар  кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳамаи нуқтаҳои шаҳр амалӣ хоҳад шуд.

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус  сокинони шаҳрро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд. Ашхоси аз синни 60 боло бидуни зарурат набояд аз хонаҳояшн бароянд, – ҳушдор медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь