Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.
Мувофиқи иттилои масъулин, танҳо давоми 3 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 47 миллиону 100 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 40 миллиону 300 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми фондҳои асосӣ бошад, зиёда аз 26 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 74,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашударо дар қиёс ба соли сипаригашта 17 дарсад зиёд намуда, ҳаҷми он ба 38 миллиону 3 ҳазор сомонӣ расидааст.
– Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар асоси 7 банди нақшаи чорабинии мазкур корҳо амалӣ шуда, 3 адад корхонаи истеҳсолӣ, 1 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази хизматрасонӣ ва 72 нуқтаи савдо бунёд гардида, дар ин замина 322 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, – хабар медаҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.