Дар шароити худинзивоъ истифодабарандагони интернет даҳчанд афзуд. Тибқи иттиллои Оҷонсии хабарии vesti24 дар Русия 75% аҳолӣ бо интернет сарукор доранд. 59% дарсади онҳо ҳаррӯза аз интернет баҳра мегиранд. Мувофиқи иттиллои мавҷуда, машғулиятҳои маъмултарин дар “рунет” инҳо будаанд:
– иртибот бо наздикон 89%
– хондани ахбор 89%
– анҷом додани амалиёти бонкӣ 78%
– вақтхушӣ (бозиҳо, филм, китоб) 77%
Ба ҷуз анҷом додани муомилаҳои мухталифи бокӣ ва омӯзиши онлайнӣ, русҳо айни шурӯи худинзивоъ ба сарчашмаҳои ахбор ҳарчи бештар рӯ овардаанд.
Тавре коршиносон мегӯянд, иттилооти нодуруст низ як намуд вирус аст. Хабарнигори farazh.tj назари равоншинос Марям Давлатоваро оид ба паҳни ахбор ва таъсири он ба вазъи равонии инсон пурсида буд: “Мутаассифона, тарс инсонро осебпазир, яъне ҳассос ва зудбовар мекунад. Аз ин рӯ, ҳама гуна хабарро бетаҳлил қабул мекунад. Хабарҳои зиёди ихтилофангез майнаро гиҷ, инсонро изтиробзада мегардонанд. Ҳамаи ин боиси афсурдагӣ ва заъфи масунияти бадан ҳам шуда метавонад. Ҳоло хуб мешавад, ки нисбати хабарҳои носанҷида шаккок бошем, ё онҳоро аслан гӯш ҳам накунем”.