Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу се шартро барои хатми низоъ дар навори Ғазза номбар кард. Вай рӯзи душанбе дар мақолае барои The Wall Street Journal навиштааст, ин шартҳо нобудии Ҳамос, ғайринизомисозӣ ва аз байн бурдани ифротгароӣ дар минтақа ҳастанд.

Нетаняҳу навишт: “Ҳамос бояд аз байн бурда шавад, Ғазза безарар гардонида шавад ва дар ҷомеаи Фаластин ифротгароӣ решакан шавад. Инҳо се шарти сулҳи байни Исроил ва ҳамсоягони фаластинии он дар навори Ғазза мебошанд”. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Фаронса, Олмон ва бисёре аз кишварҳои дигар аз нияти Исроил барои нобуд кардани ҳаракати ифротгароии Фаластин пуштибонӣ мекунанд. Нахуствазир таъкид мекунад, ки “барои ноил шудан ба ин ҳадаф иқтидори низомии онро [Ҳамос] бояд аз байн бурд ва бартарии сиёсии онро бар навори Ғазза хотима додан лозим аст”.

Тавре Нетаняҳу қайд мекунад, барои безараргардонии минтақа “эҷоди як минтақаи муваққати амниятӣ дар имтидоди навори Ғаззва ва як механизми бозрасӣ дар сарҳади навори Ғазза ва Миср” лозим аст, ки аз қочоқи аслиҳа ба Ғазза пешгирӣ кунад.

Нахуствазири яҳудӣ дар ин матлаб ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҷомеаи шаҳрвандии Фаластин “ниёз ба дигаргунӣ аст, то мардумаш аз мубориза бо терроризм ҳимоят кунанд, на маблағгузори он бошанд”. Нетаняҳу дар охир гуфтааст: “Вақте Ҳамос аз байн бурда мешавад, навори Ғазза безарар гардонида мешавад ва ҷомеаи Фаластин ба раванди решакансозии ифротгароӣ оғоз мекунад, Ғазза метавонад барқарор шавад ва дурнамои сулҳи васеътар дар Ховари Миёна ба воқеият табдил хоҳад ёфт”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь