Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору  510 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 280 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матуботӣ сардори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон Зинатгул Сафарзода хабар дод.

Сафарзода илова кард, ки  аз оилаҳои ҷудошуда 1 ҳазору 179 ҳолаташ  бо ҳалномаи суд, 329 ҳолат бо розигии ҳамсарон ва ду ҳолати дигар бо розигии яке аз ҳамсарон ақди никоҳашон бекор карда шудааст.

– Баъди ҷудо шудани 1510 оила 1 ҳазору 532 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монда, аз онҳо 1 ҳазору 461 кӯдак дар тарбияи модар ва 71 кӯдаки дигар дар тарбияи падар мондаанд, – илова кард ӯ.

Дар нишаст, ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ин давра 11 ҳазору 796 оила дар вилояти Хатлон ақди никоҳ бастаанд, ки ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020-ум 159 ҳолат кам аст.

Дар ин давра 12 ҳолати бастани ақди никоҳи шаҳрвандони вилоят бо хориҷиён ба қайд гирифта шудааст. Бастани ақди бештар ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, Афғонистон, Молдавия, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ба қайд гирифта шудааст, – афзуд З. Сафарзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь