Чанде пеш дар толори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ дар мавзуи баррасии вазъи зимистонгузаронӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, сардорони шуъбаҳои тақсимоти барқи минтақаи Бохтару Кӯлоб, шуъбаҳои фурӯши барқ, сардорони идораҳои роҳ, раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд,- дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, таҳти рақами 125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» корҳои муайянеро ба анҷом расонида, қарори раиси вилоят аз 28.04.2023, таҳти рақами 88 ба тасвиб расонида шудааст.
– Аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хариди гармидиҳӣ (ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ) барои зимистони солҳои 2023-2024 дар соҳаи маориф 13433,8 ҳазор сомонӣ, ва соҳаи тандурустӣ 1959,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 13587,3 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 1989,7 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, 101 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт муовини раиси вилоят.
Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи гузориши худ гуфт, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи лозимӣ мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят таъминоти ангишт 12036 тонна, таъминоти ҳезум 26575,7 м3, таъминот бо сӯзишвории дизелӣ бошад, 6667,5 литр ва 14715 метри мураббаъ шишабандӣ иҷро гардидааст.
Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронӣ 14205 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 32,3 тонна ангишт, 165 метри мукааб ҳезум, 45600 тонна сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта, 161 адад техника дар ҳолати корӣ қарор дорад.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Восеъ, Муъминобод, Шаҳритус ва дигарон ҳисобот манзур гардида, оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 супоришҳои мушаххас дода шуданд.