Барои бе мушкил сипарӣ кардани фасли зимистон дар соҳаҳои маорифу тандурустии вилояти Хатлон аз ҳисоби буҷети вилоят 19,3 миллион сомонӣ ба нақша гирфита шудааст, ки аз он 13 миллионаш маблағгузорӣ гардидааст.
Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Иззатулозода Ҳабибулло иттилоъ дод, ки барои омодагӣ ба зимистони солҳои 2024-2025 дар соҳаи маориф 16,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин маблағ то 7 сентябри соли ҷорӣ 11,5 миллион сомонӣ, яъне 68 дарсад, маблағгузорӣ карда шудааст.
Ӯ афзуд, ки барои соҳаи тандурустӣ 2,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 1,5 миллионаш, яъне 60 дарсад, маблағгузорӣ гардидааст.
– Маблағгузорӣ ба соҳаҳи моарифу тандурустиро 10 шаҳру ноҳия – Бохтар, Кӯшониён, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Левакант, Носири Хусрав, Данғара, Фархор, Восеъ ва Қубодиён пурра иҷро карданд, – илова кард номбурда.
Қайд гардид, ки бояд то охири моҳи сентябр маблағгузорӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ пура иҷро гардида, онҳо ба зимиситон сад дар сад омода шаванд.